Э. Раҳмон “Сатҳи камбизоатӣ аз 38,2 фоизи соли 2012 то 35,6 фоиз коҳиш ёфт”
Душанбе, 15 январ. (АМИТ “Ховар”). — Соли 2013 дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон ҳамчун соли вусъати амалҳои созанда, сулҳу суботи комил ва таҳкими дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишварамон, аз ҷумла ваҳдати миллӣ гардида, дар ин сол барои идомаи раванди рушди босуботи мамлакат заминаҳои устувор гузошта шуданд. Ин нуктаро Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни ҷаласаи ҷамъбастии солонаи Ҳукумати мамлакат зикр намуда, гуфт, ки Дар соли 2013 даромадҳои пулии аҳолӣ 18 фоиз ва музди моҳонаи як корманд 21,5 фоиз афзуда, сатҳи камбизоатӣ аз 38,2 фоизи соли 2012 то 35,6 фоиз коҳиш ёфт. Бино ба иттилои Президент татбиқи аксари лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёту роҳсозӣ, кишоварзиву обтаъминкунӣ ва маорифу тандурустӣ ба деҳоти мамлакат рост меояд. Бо ин мақсад то ба имрўз 47,8 миллиард сомонӣ ё қариб 10 миллиард доллар равона гардидааст, ки 82 фоизи он маблаѓҳои буҷети давлат мебошад. Ҳамзамон бо ин, барои рушди деҳот, аз ҷумла бунёди роҳу пулҳо, обтаъминкуниву сохтмони муассисаҳои маорифу тандурустӣ ва дигар иншооти муҳим дар 3 соли оянда ҷудо кардани беш аз 18 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






