Гуфтушунид идома дорад

Январь 15, 2014 12:01

Душанбе, 15 январ. (АМИТ «Ховар», Екатерина Пасторова).- Соли гузашта Тоҷикистон ният дошт, ки қариб 200 нафар муаллимони Русияро ба кишвар даъват кунад, вале ин масъала то ҳол ҳал нашудааст. Мувофиқи суханони муовини Вазорати маорифи ҶТ Тоҷинисо Маҳмадова, муаллимони Русия баъди фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолияташон ба Тоҷикистон меоянд.«Гуфтушунид аз рӯи масъалаи ба Тоҷикистон омадани муаллимон байни вазоратҳои дахлдори Русия ва Тоҷикистон идома дорад», — гуфт Тоҷинисо Маҳмадова.Муовини вазир қайд намуд, ки Тоҷикистон муаллимони Русияро аз рӯи бисёр фанҳо даъват мекунад, вале мактабҳои кишвар аз ҳама бештар ба мутахассисони фанҳои дақиқ зарурат доранд.

Январь 15, 2014 12:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд