Маҷлиси васеи Ҳукумат идома дорад
Душанбе, 15 январ. (АМИТ «Ховар»).Дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин Вазири маориф ва илм Нуриддин Саидов, Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимов, Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Сумангул Тағоева, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Нусратулло Салимов, Прокурори генералӣ Шерхон Салимзода, Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Абдуфаттоҳи Ғоиб ҳисобот доданд.Дар ҳисоботи Прокурори генералӣ ва Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, ба афзоиши нисбии ҷинояту ҷинояткорӣ, ки солҳои охир ба назар мерасад, таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Ба хусус аз ҷиноятҳои коррупсионӣ ва гароидани баъзе аз ҷавонону наврасони тоҷик ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъи ифротию террористӣ изҳори нигаронӣ карда шуд.Сипас ҳисоботи Раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Махфират Хидирова, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Маликшо Неъматов, Кумитаи оид бо корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ Абдураҳим Холиқов шунида шуд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳисоботи Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшедов ба ободонии шаҳру ноҳияҳои вилоят, навсозии роҳҳои маҳаллӣ ва шабакаи обу корези шаҳри Хоруғ, бунёди биноҳои нави бисёрошёна, маҳалҳои нави аҳолинишин ва дигар масоили мубрам таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, барои бартарафсозии камбудиҳои ҷойдошта ба роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он супоришҳои мушаххас дод.Дастуру ҳидоятҳои мушаххас доир ба ривоҷ додани корҳои ободонию созандагӣ, бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ, муҳайсозии ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани фарҳанги шаҳрдорию ватандорӣ, ҳамчунин зимни ҳисоботи Раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадов, Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дода шуд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






