Мулоқоти Қ. Қосим бо ҳайати гуруҳи соҳибкорони аъзои TUSKON
Душанбе, 15 январ. (АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).-Мулоқоти раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим бо ҳайати гуруҳи соҳибкорони аъзои Конфедератсияи соҳибкорон ва саноатчиёни ҷумҳурии Туркия (TUSKON) оид ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба ҷиҳати шиносӣ аз лоиҳаҳо ва фазои сармоягузорӣ 13 январ дар Душанбе доир гардид.Аз Кумитаи мазкур ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар рафти мулоқот Қ. Қосим аз сатҳи ҳамкориҳои дуҷониба ёдовар шуда, иброз намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти беҳбуд бахшидани фазои сармоягузорӣ тамоми тадбирҳоро меандешад.Исботи ин гуфтаҳо сол аз сол зиёд гардидани сармояи мустақим ба иқтисодиёти Тоҷикистон, фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкорӣ, ҳавасмандии ширкатҳои бонуфузи хориҷӣ дар тендерҳои сармоягузорӣ мебошад, ки дар натиҷа ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта, сатҳи камбизоатии мардум поён меравад.Меҳмонон иброз доштанд, ки: «мо барои дурнамои ҳамкориҳои мутақобилан судманди кишварҳоямон дар самти сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ дар доираи қонунҳои амалкунанда тамоми тадбирҳоро меандешем».Ҷонибҳо ҳавасамандии худро дар таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд иброз намуда, омодагии худро барои дар оянда густариш бахшидани корҳо дар самти тақвияти соҳибкориву сармоягузорӣ иброз намуданд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






