Мулоқоти дипломати тоҷик бо Ноиби президенти БСА
Душанбе, 15 январ. (АМИТ «Ховар»).- 13 январ Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо, Сафир Рустамҷон Солиев дар шаҳри Люксембург бо Ноиби президенти Бонки сармоягузории Аврупо Вилгелм Молтерер мулоқот анҷом дод.Назар ба хабари ВКХ ҷумҳурӣ, ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот вазъи ҳозира ва дурнамои рушди муносибатҳои байни Тоҷикистон ва Бонки сармоягузории Аврупо, аз ҷумла сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои асосии иқтисодии Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.Вилгелм Молтерер зикр намуд, ки Бонки сармоягузории Аврупо ба Тоҷикистон чун кишвари дорои имкониятҳои бузурги иқтисодӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда ва барои рӯи кор овардани ҳамкории мутақобилан муфид бо ин кишвар омода аст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






