Мусодираи беш аз 15 кг маводи мухаддир
Душанбе, 15 январ. (АМИТ«Ховар», Лайло Қосимова). — Аз аввали соли 2014 кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор амалиётҳои бобарор гузаронида, дар натиҷа аз гардиши ғайриқонунӣ зиёда аз 12 кг маводи нашъаовар мусодира намуданд. Кормандони шуъбаи Раёсати Агентӣ дар ВМКБ-и ноҳияи Ишкошим дар якҷоягӣ бо кормандони шуъбаи минтақавии мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккил дар ВМКБ-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни деҳаҳои Сумчин ва Яхшиволи ноҳияи Ишкошим амалиёти муштарак гузаронида, дар натиҷаи он сокини 20-солаи шаҳраки Борак, улусволии Ишкошими Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Шафӣ валади Хайрмаҳмадро боздошт намуданд.Дар рафти боздошт ҳаммаслакони ӯ аз қаламрави давлати ҳамсоя аз силоҳи оташфишон тир кушоданд, ки дар натиҷа Шафӣ валади Хайрмаҳмад аз пояш захмӣ гардид. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ як халтаи синтетикӣ дарёфт гардид. Ташхис нишон дод, ки дар дохили халта маводи нашъаовари ҳашиш буда, вазни умумиаш 8 килограммро ташкил медиҳад.Кормандони Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд бошанд, дар рафти гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар шаҳри Хуҷанд ду нафар сокинони вилоятро бо гумони даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар боздошт намуданд. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз онҳо маводи қаҳваранг бо бӯи махсус мусодира карда шуд. Тавре ки аз Хадамоти матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ хабар доданд, ташхис нишон дод, ки маводи мусодирашуда 2 кг 930 гр героин ва 1 кг 03 гр ҳашиш будааст.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






