Тағйири майдони дидори дастаҳои «Равшан» ва «Ал-Ярмук Ал-Равда»

Январь 15, 2014 10:37

Душанбе, 15 январ. (АМИТ «Ховар», Ситора Раҷабова).- Дидори дастаҳои “Равшан”-и Кӯлоб ва “Ал-Ярмук Ал-Равда”-и Яман дар даври плей-оффи Ҷоми АФК-2014 дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода баргузор мегардад. Тавре сомонаи Федератсияи футболи кишвар хабар медиҳад, ин тасмим аз тарафи намояндаҳои комиссияи КФО гирифта шуда, варзишгоҳи “Равшан”, ки варзишгоҳи дастаи «Вахш»-и Қурғонтеппаро барои ин дидор интихоб карда буд, ба меъёрҳои муқарраркардаи КФО мутобиқ наомадааст. Ҳaйати дастаи “Равшан” бо роҳбарии сармураббии бошгоҳ Маъруф Рустамов шурӯъ аз 14-уми январи соли равон дар шаҳри Турсунзода тамрину омодагиҳои худро мегузаронад.Ёдрас мешавем, ки бо қарори Конфедератсияи футболи Осиё ин дидорро доварони малайзиягӣ назорат мекунанд.

Январь 15, 2014 10:37

Хабарҳои дигари ин бахш