Таваҷҷуҳ ба ҷалби занон ва ҷавонон ба мансабҳои давлатӣ

Январь 15, 2014 08:15

Душанбе, 15 январ.(АМИТ «Ховар» Муқаддас Кушакова).- Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои соҳаи хизмати давлатӣ ба нақши занон ва афзоиши теъдоди ҷавонони то синни 35-сола таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамояд. Ин нуқтаро зимни нишасти матбуотӣ 14 январ муовини директори  Агентии хизмати давлатӣ Гурез Қосимов иброз дошта, гуфт, ки айни замон теъдоди занон дар хизмати давлатӣ 23,4 фоиз ва ҷавонони то сини 35 сола 40,9 фоизро ташкил медиҳад. Бояд зикр кард, ки нишондоди мазкур боиси таваҷҷуҳ ба ин қишри ҷомеа ва фаъол будани онҳо дар корҳои давлатӣ мебошад.

Январь 15, 2014 08:15

Хабарҳои дигари ин бахш