Таваҷҷуҳи хоси Ширкати алюминий ба солимии инсон ва муҳити зист

Январь 15, 2014 15:54

Турсунзода, 15 январ. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).-Кормандони қисми тиббию санитарии Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминийи тоҷик» барои сиҳатмандиву солимии кормандони корхона, мардуми шаҳри Турсунзодаву сокинони ноҳияҳои гирду атрофи он пайваста саъю кӯшиш менамоянд.Қисми тиббию санитарии корхона аз ду бахши алоҳида, дармонгоҳ ва беморхона иборат буда, ҳар ду бахш дар пайвандии қавӣ бо ҳам амал мекунанд.Тибқи иттилои сардухтури шӯъбаи қисми санитарию тиббӣ, доктори илми тиб, узви Ассотсиятсияи аврупоии ҷарроҳони рагҳои хунгард Раҳимҷон Раҳматуллоев дар соли сипаригардида зиёда аз 1000 нафар ниёзмандон саломатии хешро беҳтар карданд.Мавриди зикр аст, ки дар қисми санитарию тиббӣ қариб 50 нафар духтурони ботаҷриба бо таҷҳизотҳои муосири тиббӣ дар хизмати муроҷиаткунандагон қарор доранд.

Январь 15, 2014 15:54

Хабарҳои дигари ин бахш