Тоҷикистон шомили даҳгонаи кишварҳои ҷолиби барои туристон

Январь 15, 2014 17:25

Душанбе, 15 январ. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).-Сомонаи интернетии GlobeSpots, ки туристони мустақилро муттаҳид мекунад, Тоҷикистонро дар сархати кишварҳои ҷолиб барои туристони саргузаштӣ дар соли 2014 қарор додааст.Ба иттилои GlobeSpots Тоҷикистон баъди Малта дуюмин кишварест, ки барои туристони саргузаштӣ хеле мусоид мебошад. Манбаъ таъкид мекунад, Тоҷикистон кишварест, ки бо Афғонистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Чин ҳамсарҳад мебошад ва ҳар туристи дӯстдори истироҳати фаъолро мафтун мекунад.Дар мавриди тоҷикистониён масъулини GlobeSpots навиштаанд, ки мисли мардуми дигари Осиёи Марказӣ хеле меҳрубону меҳмондӯст мебошанд. Манзараҳои Тоҷикистон ягон касро бетараф намемонанд. Пиряхҳо, кӯлҳои мусаффои куҳҳо, даштҳо ва чарогоҳҳои сабз, ки барои тамошои онҳо метавонед бо дучарха, мошин, аспу хар ва пиёда равед. Роҳ ба Помир, ки аз миёни куҳсорони шарқу ҷануби кишвар мегузарад яке аз ҷойҳои машҳур барои саёҳати саргузаштӣ мебошад.GlobeSpots баробари Тоҷикистон ба даҳгонаи кишварҳои ҷолиб барои туризм Малта, Руминия, Серра-Леон, Индонезия, Литва, Ҳаитӣ, Сан-Том, Шпитсберген ва Бонайрро ворид кардааст.

Январь 15, 2014 17:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад