Ваҳдат-майдони фаъолияти созандагӣ

Январь 15, 2014 08:16

Душанбе, 15 январ (АМИТ «Ховар»).- 10 январи соли ҷорӣ мулоқоти раиси шаҳри Ваҳдат Раҳмоналӣ Амиров бо соҳибкорони ватанию бурунмарзӣ доир гардид. Дар мулоқот беш аз 80 нафар соҳибкорон ширкат намуда, ҷиҳати бунёди корхонаҳои гуногуни истеҳсолӣ, сохтмони биноҳои баландошёна як қатор шартномаҳои тарафайн ба имзо расониданд.Зимни мулоқот қайд гардид, ки шаҳри Ваҳдат дар мавзеи мувофиқ ҷойгир буда, бо пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе наздик аст. Ҳамзамон тавассути шаҳри Ваҳдат ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон, водии Рашт борҳои гуногун интиқол ёфта, мардум равуо мекунанд. Аз ин рӯ, бояд ба яке аз шаҳрҳои ободу дилкаш табдил ёбад.

Январь 15, 2014 08:16

Хабарҳои дигари ин бахш