Сафари кории Абдураҳим Холиқов ба Суғд

Февраль 17, 2014 08:49

 
Душанбе, 17.02.2014. (АМИТ “Ховар”). — Аз 11 то 14-уми феврали соли ҷорӣ раиси Кумитаи оид  ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқов ба вилояти Суғд сафари корӣ анҷом дод. Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” сухангӯи ин кумита Афшини Муқим хабар дод. 
Ба иттилои манбаъ, мақсад аз сафар иҷрои дастуру супоришҳо вобаста ба корҳои фаҳмондадиҳию таблиғотӣ доир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлиси васеи ҳукумати мамлакат (15 январи 2014) доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар дар соли 2013 ва вазифаҳо барои соли 2014 бармеояд, арзёбӣ мешавад. 
11-уми феврал дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқов бо беш аз 200 нафар ходими дин, мудирони бахшҳо оид ба корҳои дин, раисони маҳаллаҳо, директорони мактабҳо ва фаъолони шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Қайроққум, Чкалов, Ашт ва Бобоҷон Ғафуров мулоқот намуд.  
Фаъолони шаҳру ноҳияиҳои мазкур аз татбиқи босамари Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну мароисмҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” изҳори хушнудӣ намуда, ба роҳбарияти давлат ва ҳукумати мамлакат барои андешидани чунин тадбири муҳим изҳори сипос намуданд. 
Абдураҳим Холиқов зикр намуд, ки тӯли тақрибан 7 соли татбиқи қонуни мазкур ҳарчанд ба муваффақиятҳои зиёд ноил гардидем, аммо ҳанӯз ҳам ҳолатҳои нақзи он зиёд ба чашм мерасанд. Аз ин рӯ, раиси кумита таъкид намуд, ки барои амалисозии мукаммали қонун бояд ҳар як фарди ҷомеа бетараф набошад. 
Инчунин бо ёдоварӣ аз паҳн гардидани ҳар гуна раванду ҷараёнҳои бегона ва ифротгаро дар кишвар, А. Холиқов ҳозиринро ба бедории сиёсӣ, ҳифзи анъанаҳои суннатӣ даъват намуд. 
Абдураҳим Холиқов рӯзи 12-уми феврал дар шаҳри Исфара бо фаъолони ноҳияҳои Исфараю Конибодом, 13-уми феврал дар шаҳри Истаравшан бо намояндагони аҳли ҷомеа ва фаъолони  шаҳру навоҳии Истаравшан, Шаҳристон ва Ғончӣ ва ҳамон рӯз дар ноҳияи Спитамен бо фаъолони шаҳру ноҳияҳои Ҷаббор Расулов ва Спитамен мулоқотҳои судманд анҷом дод. 

 

Февраль 17, 2014 08:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!