Бонувони Ванҷ соҳиби шуғл мешаванд

Март 29, 2014 10:23

Ванҷ, 29.03.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Бо ибтикори соҳибкори  ноҳияи Ванҷ Калон Дамдоров  дар рӯзҳои ҷашни Наврӯзи бостонӣ сохтмони корхонаи дӯзандагӣ барои бонувони  ноҳияи Ванҷ оғоз гардид. 
       Ҳудуди 400 адад  мошини дарздӯзӣ  аз сӯи  ин соҳибкори муваффақи ноҳияи Ванҷ  барои занони хонашини вилоят   дар ҷашни Наврӯз  тақдим гардид. Ин тасмим дар асоси ҳидояти  Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти соли 2013-ум бо сокинони  ноҳияи Ванҷ  рӯи кор омад.  Дар ҳоли  ҳозир  дар маркази ноҳияи Ванҷ  сохтмони коргоҳи дӯзандагӣ  оғоз шуда қарор аст, то ҷашни Истиқлолияти давлатӣ корҳои  сохтмонии он ба анҷом расанд.  Ба гуфтаи Одинашо Мардов, муовини аввали раиси ноҳия  барои  бунёди  ин корхона  500  ҳазор доллар  аз сӯи мақомоти маҳаллӣ ва  соҳибкори мазкур  масраф  мешавад. 
Дар айни ҳол дар ин сохтмон 15 нафар сокини  маҳаллӣ  ба корҳои сохтмонӣ  бо таъйини  маблағи аз 800 то 1,5  ҳазор сомонӣ  машғули кор мебошанд.  Ба гуфтаи  масъулини мақомоти маҳаллии ноҳия  қарор аст, ки баробари ба кор андохтани  ин коргоҳ  теъдоди  беш аз 100 нафар  бонувони  маҳаллӣ   танҳо дар  маркази ноҳияи Ванҷ бо ҷойи кори доимӣ  таъмин шаванд. 
Ҳамчунин гуфта шуд, ки бар асоси тасмими  соҳибкор Калон Дамдоров микдори  муайяни мошинҳои дарздӯзӣ барои ҷамоатҳои дастнораси  ноҳияи Ванҷ ва  шаҳру навоҳии дигари вилоят низ  дастрас  мешаванд.   

Март 29, 2014 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад