Диққати махсус ба сарҳади Тоҷикистону Афғонистон
Душанбе, 17.03.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- 14 март дар шаҳри Вена иҷлосияи 57-уми Комиссия оид ба маводи нашъаовар баргузор гардид, ки дар кори он Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Австрия Изатулло Насриддинов ва директори Агентии маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назаров иштирок намуданд. Р. Назаров гуфт, ки Тоҷикистон ташаббусҳои асоснокро нисбати ба муқовимат ба муомилоти маводи нашъаовар қатъиян дастгирӣ менамояд.Дар ҷаласа диққати махсус ба масъалаи пешгирии қочоқи маводи нашъаовар ва мустаҳкам намудани сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистон ва масъалаҳои истеҳсоли маводи нашъаовар дар Афғонистон, инчунин ба мустаҳкам намудан ва рушди ҳамкории байналмиллалӣ бо Иттиҳоди Аврупо, Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷиноят, Хадамоти Федеролии Русия оид ба назорати маводи нашъаовар, мудирияти ИМА оид ба мубориза бар зидди маводи нашъаовар равона шуд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






