Қаллобӣ ошкор шуд
Душанбе, 04.04.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Тибқи иттилои маркази матбуоти ВКД 2 апрели соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони шуъбаи кофтукови ҷиноии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар қаллобӣ шаҳрванд Давлатова Саодат Муҳаббатовна, соли таваллудаш 1979, сокини пойтахт дастгир шуд.
Номбурда соли 2010 бо роҳи фиреб ба боварии соҳибкор Раҷабова Зебониссо Раҳмоновна, соли таваллудаш 1973, сокини ноҳияи Рӯдакӣ даромада, аз ӯ 30000 доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол барнагардонидааст. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.
Сарчашма зикр менамояд, ки дастгиршуда пеш бо моддаи 247-и Кодекси Ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст ва барои худ хулосаи даркорӣ набароварда, бори дуввум бо ҳамин ҷиноят, яъне қаллобӣ (моддаи -247 КҶ ҶТ) дастгир шудааст.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






