Ҷамъбасти маҳфили ҷумҳуриявии сайёҳон-кишваршиносон
Душанбе, 29.04.2014. (АМИТ “Ховар”, Назир Назиров).-Аз 25 то 27 апрели соли равон дар Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили ҷумҳуриявии сайёҳон-кишваршиносони наврас дар доираи экспедитсияи XV1-уми ҷумҳуриявии сайёҳию кишваршиносии мактаббачагон таҳти шиори «Тоҷикистон-кишвари азизи ман» баргузор шуд.Мақсад аз баргузории чорабинӣ — муайян намудани беҳтарин гурўҳҳои экспедитсионӣ, маҳфилҳои сайёҳию кишваршиносӣ, шуъба, клуб, осорхонаҳои мактабӣ; такмили малакаю маҳорати сайёҳӣ, кишваршиносӣ, ҷўяндагӣ ва муҳаққиқӣ дар байни наврасон, ҷавонон ва омўзгорон; ташаккули тарбия ва маърифати экологӣ байни қишрҳои гуногуни ҷомеа мебошад.Маҳфил аз номгӯйҳои «Таърихӣ-кишваршиносӣ», «Мардумшиносӣ ва бостоншиносӣ», «Адабиёт ва санъат», «Экология ва ҳифзи табиат», «Осорхонаи мактабӣ», «Маҳорати сайёҳӣ», «Бахши роҳбарон» иборат буд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






