«Ҷило»-и «Сафина» байналмилалӣ шуд
Душанбе, 14.04.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Бо ибтикори Муассисаи давлатии телевизиони «Сафина» дар ҳамкорӣ бо телевизиони «Тулуъ»-и Ҷумҳурии Исломии Афғонистон «Ҷило-2014», дуюмин ҷашнвораи ҳарсолаи ҷоизаи ифтихории байналмилалӣ барои пешрафти санъат ва фарҳанги кишвар, ки муддати як сол идома дошт, рӯзи 12-уми апрел дар «Душанбе-плаза»-и пойтахт аз рўи 12 номгӯй ҷамъбаст гардид.
Зимни натиҷагирӣ аз озмуни «Ҷило-2014» Давлатманди Хол ҷоизаи «Шахсияти сол», Сиддиқи Шубобу, Нигора Холова ҷоизаи «Оҳанги Шарқ» ва Фарҳоди Дарё «Ситораи бузурги мусиқии форсӣ»-ро ба даст оварданд.
Ҳамин тавр, дар бахши «ТВ ва радио» ҷоизаҳои «Барномаи беҳтарини радиоӣ», барномаи субҳгоҳии «Саломалейкум диёрам»-и радиои «Азия плюс», беҳтарин радиожурналист Шарифи Мирсаидзод, хабарнигори радиои «Садои Душанбе», «Беҳтарин баромаи телевизионӣ» барномаи «Сиришти сафина»-и ТВ «Сафина» ва «Беҳтарин тележурналист»-ро Зафар Саидов ва Аҳлиддини Тоҳир — хабарнигорони телевизиони «Ҷаҳоннамо» ба даст оварданд.
Тавре ки директори «ТВС» Лутфулло Давлатзода хабар дод, дар лоиҳаи телевизионии «Ҷило-2014», ки имсол мақоми байналмилалиро гирифт, беш аз 200 довталаб аз хориҷ ва дохили кишвар иштирок намуда, аз миёни онҳо ба 36 иштирокчии он муяссар гардид, ки ҷоизаи «Ҷило»-ро дар вазифаҳои худ ба даст оранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






