50 000 сомонӣ эҷодкоронро интизор аст
Душанбе, 02.04.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- «Эҷодиёти илҳомбахш»- таҳти чунин унвон шаҳрдории Душанбе миёни эҷодкорон озмун эълон кардааст, ки он ба ифтихори 90-солагии Душанбе гузаронида мешавад.
Дар асоси қарори ба тасвибрасидаи раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, муҳосиботи шаҳрдорӣ муваззаф гардидааст, ки аз ҳисоби фонди захиравии раиси шаҳр барои қадрдонии ғолибони озмун 50 000 сомонӣ, муодили 10 000 $ ҷудо намояд.
Озмун аз 1 апрел то 1 июни соли 2014 идома ёфта, эҷодкорон имкон доранд, то ин муддат асарҳои назмиву насрӣ, барномаҳои радиоиву телевизионӣ, сенарияи баргузории намоиши театришуда ва фоторепортажҳоро ба озмун пешниҳод созанд.
Ҳадафи озмун омода ва пешниҳод намудани асарҳои назмӣ, гузоришҳои радиоиву телевизионӣ ва санъати аксбардорӣ, ҷиҳати дарёфти муҳтавои беҳтарин баргузории тадбирҳои ҷашнӣ, ки ба густариши сулҳу ваҳдат, дӯстиву рафоқат мусоидат мекунад, мебошад.
Ҷоизаҳои озмун барои беҳтарин мақолаи публитсистӣ 3 000 сомонӣ, беҳтарин гузориши радиоӣ 3 000 сомонӣ, барои эҷоди беҳтарин шеър — 7 000 сомонӣ, беҳтарин барномаи телевизионӣ — 5 000 сомонӣ, барои силсилаи аксҳои беҳтарин — 7 000 сомонӣ, барои беҳтарин сенарияи намоиши театришуда 25 000 сомонӣ муайян гардидаанд. Асарҳо бояд ба озмун дар панҷ нусха то 1 июни соли 2014 ба шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе пешниҳод шаванд. Довталабе, ки ба гирифтани овози бештари ҳайати ҳакамон мушарраф мегардад, ғолиб дониста мешавад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






