Нашъаҷаллобон боз дастгир шуданд
Душанбе, 10.04.2014. (АМИТ «Ховар, Муқаддас Темурзода). — Назар ба хабари Вазорати корҳои дохилии ҶТ, кормандони милиса се ҳодисаи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро ошкор намуданд.
Кормандони шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Турсунзода ҳангоми амалиёти фаврӣ Турабек Ҳасанови 30 — сола ва ду нафар шарикони ӯро, ки сокинони ҳамин шаҳр мебошанд, дастгир намуда, аз Турабек Ҳасанов 856 грамм бангдонаро мусодира намуданд.
Ҳамчунин шаҳрванд Бахтиёр Муҳиддинов бо гумонбари гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир шуда, аз ӯ 182 грамм ҳашиш мусодира гардид.
Кормандони милисаи ноҳияи Ғончӣ сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Ғолибҷон Ҳоҷиевро дастгир намуда, аз номбурда 136 грамм ҳашишро мусодира карданд.
Ҳаҷми умумии маводи мухаддири мусодирашуда 1 килограмму 174 граммро ташкил дод.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаи ҷиноӣ кушода, тафтишот идома дорад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






