Ш.Саид дар форуми иқтисоддонон ширкат мекунад

Апрель 10, 2014 13:16

Душанбе, 10.04.2014. (АМИТ «Ховар,  Кристина  Эрлих). — Вакили  Сенати Парлумони  Қазоқистон — ҳамраиси  Шӯрои   ҳамоҳангсозӣ   Серик  Нугербеков  раиси Палатаи  савдо  ва  саноати  Тоҷикистон  Шариф  Саидро  даъват  намуд, ки   дар  кори   Форуми  У11 иқтисодии  Остона  ва  Конфронси 11  умумиҷаҳонии  зиддибӯҳронӣ, ки  аз  21  то  23  май  баргузор  мешаванд,   иштирок  намояд.
Тавре  ки  аз  Палатаи  савдо  ва  саноати  ҶТ  ба  АМИТ «Ховар»  хабар  доданд,  Форуми  иқтисодии  Остона   яке  аз  ҷамъомадҳои  калонтарини  байналмилалии  ҷаҳон  ба  шумор  рафта,  ҳар  сол  дар  он роҳбарони  кишварҳои  ҷаҳон, коршиносону  намояндагони аҳли ҷамъият ва  созмонҳои тиҷоратӣ  барои  ҷустуҷӯи  роҳҳои рафъи   хавфу хатар ба  иқтисодиёту  иҷтимоиёти  имрӯза  иштирок  менамоянд.
Мақсад  аз  ин  форум ҳамкории  мутақобилан  муфид,  мусоидат  ба  ҷалби  сармояҳо,  рушди   бахши  иҷтимоӣ,  ҳамчунин  фароҳам  овардани  шароити   зарурӣ барои  пешрафти  иҷтимоию иқтисодии  Қазоқистон,   густариши   ҳамкории олимон,  ходимони  давлатӣ  ва  соҳибкорон,  ҳамчунин  таъмини рушди доимии  иқтисодиёти  ҷаҳон  аст. 
 

Апрель 10, 2014 13:16

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад