Тадбирҳои муассири ривоҷи варзиши маъмулии ҷавонон
Душанбе, 3.04.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-Дар толори конфронсии осоишгоҳи «Баҳористон»-и шаҳри Қайроққум мулоқоти роҳбарияти Федератсияи футболи вилояти Суғд бо ҳайати мураббиён ва бозингарони клубҳои футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд, «Парвоз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва «Далерон»-и шаҳри Истаравшан доир шуд.
Зимни мулоқот раиси Федератсияи футбол ба хотири куллан дигаргун сохтани вазъият ва ривоҷ бахшидани варзиши маъмулии ҷавонон як идда чораҳои муассир пешниҳод намуд. Ҳамчунин дар бобати зарурати ташкили сайтҳои интернетии дастаҳо ва худи федератсия таклиф ба миён гузошта, изҳори дастгирии ташкили фан-клубҳо, созмон додани озмунҳо барои таҳияи беҳтарин нишон ва суруди дастаҳо шуд.
Бо мақсади рушди минбаъдаи футбол тасмим гирифта шуд, ки соли ҷорӣ ташкили мусобиқаҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ниҳоят вилоятии «Тўби чармин» дар се категорияи синнусолӣ ба роҳ монда шуда, дар назди ҳамаи дастаҳои футбол гурўҳҳои наврасон ташкил шаванд.
Рустам Раҳматулло ҳозиринро даъват намуд, ки аз имконоти мавҷуда ҳарчӣ пурсамартар истифода баранд. Дар ин ҷода мусобиқаҳои гуногун ва ҷамъомад бо ширкати клубҳои номии хориҷӣ дар шаҳру навоҳии Хуҷанд, Қайроққум, Шаҳристон ва Истиқлол ташкил кардан ба мақсад хеле мувофиқ хоҳад буд.
Мавсуф дар бобати оммавӣ кардани футбол сухан ронда, намояндагони васоити ахбори оммаро ба ҳамкории зич даъват намуд ва дар мулоқот барои инъикоси беҳтарини мавод вобаста ба бозии футбол дар ВАО озмун эълон шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






