“Тозагии соҳил” дар навоҳии Ҳисору Рӯдакӣ

Апрель 29, 2014 09:42

Душанбе, 29.04.2014. (АМИТ «Ховар», Назир Назиров).- Бо мақсади пешгирии ифлосшавии соҳили дарёҳо, каналҳо ва ҷалби ҳарчи бештари шаҳрвандон ба тозагӣ дар ҷумҳурӣ гузаронидани иқдоми «Тозагии соҳил -2014» пешбинӣ шудааст. 26 апрели соли равон иқдоми мазкур дар ноҳияи Ҳисор ва Рўдакӣ гузаронида шуд.Дар чорабинӣ зиёда аз 2600 нафар сокини деҳаҳои Сомон,Чаманиён, Хонақои кўҳӣ ва ҷамоати деҳоти Алмосии ноҳияи Ҳисор ва деҳаҳои Муғулон,Сабзикор ва Гулистони ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Рўдакӣ фаъолона иштирок намуданд . Дар ин маърака аз хати муҳофизатии манбаъҳои обӣ, соҳили дарёи Хонақо, Кофарниҳон ва канали калони Ҳисор дар масофаи 15 км партовҳои маишӣ ва партовҳои сохтмонӣ ба миқдори 240 мі ҷамъоварӣ гардида, бо истифодаи 13 адад техника ба партовҷойҳои расмӣ бароварда шуданд.

Апрель 29, 2014 09:42

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад