Унвони фахрӣ ба Ҳамзаалӣ Раҳимов

Апрель 10, 2014 15:01

Душанбе, 10.02.2014 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).- Имрӯз  раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов Ҳамзаалӣ Раҳимов, рӯзноманигори собиқадор ва шореҳи варзишро барои хизмати шоён ва саҳми назаррас  дар рушду густариши соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар ноҳияи Ёвон бо унвони фахрии «Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон” қадрдонӣ кард.
Тавре ки дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар доданд, Неъматов аз  ташаббусҳои Ҳамзаалӣ дар дастгирии варзишгарон, интихоб ва дарёфти варзишгарони касбӣ ва  тарбияи онҳо барои расидан ба дараҷаҳои баланди варзишӣ ёдовар шуда, гуфт, ки мо  бо ин гуна мардон ҳамеша ифтихор мекунем. Маҳз натиҷаи ҳамин дастгириҳост, ки  варзишгарони  ноҳия   натиҷаҳои хуби варзиширо соҳиб мешаванд.
 
 

Апрель 10, 2014 15:01

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад