Ғолибияти донишҷӯён дар олимпиадаи фаннӣ
Душанбе, 12.05.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дар Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо равияи фанҳои табиӣ- риёзӣ, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, аз гурӯҳи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров 5 нафар мақоми гуногунро ба даст оварда, 1 нафар соҳиби Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.
Тавре ки сардори Раёсати таълими донишгоҳ Саидқаҳҳор Ёқубов иттилоъ дод, дар олимпиадаи фаннӣ байни муассисаҳои олии кишвар 11 нафар донишҷӯи донишгоҳ сафарбар гардида, аз байни онҳо донишҷӯи курси 3-юми факултаи математика Сафо Шодиев аз фанни технологияи иттилоотӣ ҷойи дуюм, донишҷӯи курси 3-юми факултаи биология Муҳаррамҷон Баротова аз фанни биология-экология, Муқаддам Ғаниева, донишҷӯи курси 1-уми факултаи физикаю-техника аз фанни физика ва Беҳзод Раҳмонов, донишҷӯи курси 2-юми факултаи математика аз фанни математика мақоми сеюмро касб намуданд. Зӯҳро Қодирова, донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси кори тиббӣ-биологӣ аз фанни математика соҳиби Ифтихорнома гардид.
Тибқи иттилои манбаъ, барои ғолиби ҷойи аввал 400 сомонӣ, барои ҷойҳои дуюму сеюм 300 сомонӣ мукофотпулӣ дода шуд. Ҳамчунин Раёсати донишгоҳ низ тасмим гирифтааст, ки ғолибонро бо туҳфаҳои молӣ қадршиносӣ гардонад.
Ҷоиз ба зикр аст, ки чанде қабл дар Олимпиадаи равияи гуманитарӣ 2 нафар донишҷӯи ин донишгоҳ мақоми дуюмро соҳиб шуданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






