Қаллоб маблағи ҳангуфт ба даст овард

Май 13, 2014 11:24

Душанбе, 13.05.2014. (АМИТ «Ховар, Муқаддас  Темурзода). – Назар  ба  хабари  ВКД ҶТ,  нисбат  ба  сокини  51 —  солаи  пойтахт  парвандаи  ҷиноӣ  кушода шудааст. 
Сокини  48 —  солаи  шаҳри  Кӯлоб  Ҷумъахон  Хоҷаев   дар аризааш  унвонии шуъбаи корҳои дохилии  шаҳри  Ваҳдат изҳор  намуд, ки  моҳи  сентябри  соли  2013 сокини  51 – солаи   шаҳри  Душанбе  Бахтиёр  Валиев бо  роҳи  фиреб  аз  ӯ 69  ҳазор доллари ИМА – ро қарз  гирифта,  ба  ивази он  додани 150 тонна  арматураро  ваъда  карда,  бо  сабабҳои   гуногун  қарзро то  ҳол  барнагардондааст. 
Аз  рӯи  ин  ҳодиса  мувофиқи  моддаи  247 Кодекси  ҷиноии ҶТ (қаллобӣ)  нисбат ба  Бахтиёр  Валиев  парвандаи  ҷиноӣ  кушода,  тафтишот  идома дорад.

Май 13, 2014 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш