Қазоқистону Қирғизистон бо таҷрибаи Тоҷикистон шинос мегарданд
Душанбе, 14.05.2014. (АМИТ «Ховар», Екатерина Пасторова).- Ҳайати хадамоти миллии сили Қазоқистон ва Қирғизистон бо сафари корӣ ба Душанбе ташриф оварданд. Дузтурон аз кишварҳои ҳамсарҳад бо кори Маркази ҷумҳуриявӣ оид ба пешгириии бемории сили Тоҷикистон шинос мегарданд. Дар ин бора директори Марказ Уктам Бобохоҷаев ба АМИТ « Ховар» иттилоъ дод.
Тибқи иттилои мавсуф, дар давоми 4 рӯз меҳмонон таҷрибаи Тоҷикистонро дар мубориза бо бемории сил меомӯзанд. Духтурон аз Қазоқистон ва Қирғизистон ба Марказҳои минтақавии дар Рашт ва Тоҷикобод буда сафар намуда, бо амалигардонии Барномаҳои давлатии мубориза бо бемории сил дар кишварамон шинос мегарданд.
«Меҳмонони мо таҷрибаи Тоҷикистонро дар мубориза бо сил омӯхтаниянд ва мо чизҳое дорем, ки ба онҳо нишон диҳем. Масалан , дар ҷумҳурии мо қарор дар бораи пурра манъ намудани воридот ва татбиқи доруҳои зиддисилӣ қабул гардид», қайд намуд Бобохоҷаев.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






