Қурбҳои асъори хориҷӣ тағйир ёфтанд
Душанбе, 12.05.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ дар давоми ҳафтаи ҷорӣ қурби доллари ИМА андаке баланд шуда, ба ҳисоби миёна 5,0715-5,0900 сомониро ташкил намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон, дар ин давра қурбҳои миёнаи амалиёт бо рубли русӣ ва евро низ каме баланд шуда, 0,1402-0,1413 сомонӣ ба як рубли русӣ ва 6,9627-6,9862 сомонӣ ба як евро баробар шуданд.
8 май қурби миёнаи доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳрҳои Душанбе 5,0720-5,0920 сомонӣ, Хуҷанд 5,0800-5,0900 сомонӣ ва Қурғонтеппа 5,0800-5,1000 сомониро ташкил дод.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






