12 май- Рӯзи «Шашмақом»
Душанбе,12.05.2014.(АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев консерти сарояндагони Шашмақом баргузор мегардад.
Тавре ки аз Вазорати фарҳанг иттилоъ доданд, дар ин чорабинӣ ҳунармандон аз тамоми манотиқи кишвар ширкат намуда, бори дигар шаҳомату бузургии ин санъати асили тоҷиконро, ки тӯли садсолаҳо ривоҷу равнақ ёфта, бо рангу таровишҳои дилнишин то ба рӯзгори мо расидааст, манзури ҳаводорон месозанд.
Мавриди зикр аст, ки аз соли 2000 инҷониб бо ташаббуси бевоситаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон 12 май ҳамчун Рӯзи «Шашмақом» таҷлил мегардад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






