Ҳамоиши доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Беларус
Душанбе, 8.05.2014.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидзода).- 13 майи соли равон дар Душанбе ҳамоиши доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Беларус доир мегардад. Аз Палатаи савдо ва саноати кишвар ба АМИТ “Ховар” иттилоъ доданд, ки дар ин ҳамоиш иқтидори саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистон ва Беларус муаррифӣ мегардад. Дар робита ба ин чорабинии муҳими иқтисодӣ 12 май ҳайати баландпояи доираҳои тиҷоратии Беларус таҳти роҳбарии Татяна Дубова-муовини мудири кулли раёсат оид ба робитаҳои иқтисоди хориҷии намояндагии дар Минскбудаи Палатаи савдо ва саноати Беларус озими Душанбе мегардад.
Интизор меравад, ки дар вохӯрии доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Белорус масоили марбут ба таҳкими ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ матраҳ гардида, миёни корхонаю ширкатҳои саноатии ҳар ду кишвар санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расанд. Дар назар аст, ки намояндагони доираҳои тиҷоратии Беларус аз корхонаҳои саноатии Тоҷикистон боздид намоянд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






