Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад

Май 12, 2014 10:54

Душанбе, 12.05.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Бахшида ба 69-умин солгарди Иди Ғалаба дар маҷлисгоҳи мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши кормандони мақомот баргузор гардид.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон иттилоъ доданд, Зариф Ализода — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон оид ба нақши тоҷикистониён дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва қаҳрамониҳои онҳо сухан гуфт. Аз ҷумла, зикр шуд, ки дар он солҳо зиёда аз 300 000 нафар фарзандони баору номуси Тоҷикистон бар зидди фашизми гитлерӣ мубориза бурда, қариб 100 000 нафари онҳо абадӣ дар майдони ҷанг монданд.
Аз ҷумла, ин идро дар  Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ кормандони вазорат  ва  дастгоҳи марказии Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ таҷлил намуданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти агентӣ вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Сумангул Тағоева иштирокчиёнро бо рўзи ғалаба бар фашизми истилогар табрик намуд.
Бо Қарори раиси Раёсати «Амонатбонк» Ҷамшед Нурмаҳмадзода ба собиқадори ҷангу меҳнат ва шахсони ба онҳо баробар кумакпулиҳо тақдим шуданд. Тибқи иттилои хадамоти матбуоти бонки мазкур  Ҷамшед Нурмаҳмадзода бевосита ба дидорбинии собиқ корманди «Амонатбонк» Қудбиддин Мақсудов, ки собиқаи беш аз 30- солаи корӣ дошта, ҳамзамон иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ мебошад, рафт. 
 Аз ҷумла, дар ин рӯз  ба маъюбон ва иштирокчиёни ҷангу меҳнат ва ҳамчунин кормандони бонк, ки чанд тан ҷанговарони интернатсиолист мебошанд, кумакпулиҳо тақдим шуданд.  Масъулини бонки мазкур дар оянда низ расонидани кумакҳои пулию молиро бо имкониятҳои мусоид ва фаромуш накардани хизматҳои шоёни ин нафаронро ваъда доданд.
 
 
 
 

Май 12, 2014 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд