Ҳодисаи нохуш дар шимоли мамлакат
Душанбе, 12.05.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода). — Дирӯз ронандаи мошини тамғаи «Opel — Astra» Илҳомҷон Абдуллоев, соли таваллудаш 1980, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҳангоми ҳаракат бо роҳи нақлиётгарди Конибодом-Ғафуров, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба симчӯби канори рости роҳ бархӯрдааст.
Дар натиҷа худи ронанда Илҳомҷон Абдуллоев ва мусофири ӯ Муаззам Абдуллоева, соли таваллудаш 1983, сокини ноҳияи Б.Ғафуров ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расиданд.
Мусофирони дигар, ноболиғон Бимория Абдуллоева, соли таваллудаш 2005 ва Абубакр Абдуллоев, соли таваллудаш 2010 ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардиданд. Дар ин бора маркази матбуоти ВКД ҶТ иттилоъ медиҳад.
Ҳамчунин сарчашма хабар медиҳад, ки ронандаи мошини тамғаи «Hyundai Porter» Акмалҷон Кимсанов, соли таваллудаш 1989, сокини шаҳри Исфара, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Ҷавонони шаҳри Исфара, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол Сорохон Ҷӯраева, соли таваллудаш 2011, истиқоматкунандаи ҳамин кӯчаро пахш намудааст. Дар натиҷа хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






