Ҷаласаи илмии кишварҳои СААД

Май 8, 2014 09:38

Душанбе, 08.05.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Ҳафтаи равон дар доираи ҳамкориҳои муштараки созмонҳои байналхалқӣ дар Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа бо иштироки намояндагони сохторҳои қудратӣ ва муассисаҳои таълимӣ-ҳарбии кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ҷаласаи васеи илмӣ таҳти унвони «Пурзӯрнамоии ҳатмии вазифаи ситоди дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар кори омодасозии кадрҳо ва мутахассисон барои кишварҳои аъзо» доир гардид. 
Тавре ки аз дафтари матбуоти Вазорати мудофиа хабар доданд, дар он  масъулини вобастаи соҳаи кадрии вазоратҳои мудофиаи кишварҳои аъзои созмони мазкур-Федератсияи Русия, Беларус, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ширкат доштанд.
Иштирокчиёни ҷаласа маърӯзаҳои илмӣ намуда, перомуни рушд ва ҳолати тайёр намудани мутахассисони ҳарбии кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ сухан гуфтанд.
Зикр гардид, ки муассисаҳои таълимии тобеи вазоратҳои мудофиа дар якҷоягӣ бо Вазорати маориф ва илм дар омода намудани мутахассисони ҳарбӣ масъулияти баландро бар дӯш доранд.
Инчунин ба иҷрои ҳатмии нақшаи амалигардонии роҳҳои асосии рушди ҳамкориҳои ҳарбии кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ то соли 2020-ум, ки 23-юми сентябри соли 2013 бо қарори Шӯрои дастаҷамъӣ ва бехатарии созмони мазкур, дар хусуси омода намудани мутахассисони ҳарбӣ тасдиқ гардидааст, таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
 
 

Май 8, 2014 09:38

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад