18 май — Рӯзи дави миллӣ

Май 13, 2014 11:23

Душанбе, 13.05.2014. (АМИТ «Ховар). – Имсол дар  Тоҷикистон Рӯзи  дави  миллӣ 18 май  баргузор  мешавад.
Тавре  ки аз  Кумитаи ҷавонон,  варзиш ва  сайёҳии  назди  Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон  хабар  доданд, ҳар  сол  рӯзи дав дар ҳошияи Рӯзи ҷавонони  Тоҷикистон  дар  саросари  кишвар   роҳандозӣ  мешавад.
Дар  шаҳри  Душанбе  иштирокдорони  дав  мусобиқаро  аз маҳаллаи  «Чорбоғ» — и ноҳияи Варзоб  оғоз  намуда, онро  дар «Наврӯзгоҳ» —  и  пойтахт  анҷом  медиҳанд. 
Иштироккунандагони  дави  миллӣ аз рӯи  анъана  масофаҳои 3,5 ва 10  километрро тай  мекунанд.  Дар дави  миллӣ  намояндагони  ҳамаи  гурӯҳи  аҳолӣ  аз роҳбарони  вилояту  ноҳияҳо то кӯдакони  хурдсол иштирок  намуда, ғолибони  он бо мукофотҳо  қадр  карда  мешаванд.
Хотирнишон  месозем, ки  дави  миллӣ бо дастури Президенти  Тоҷикистон  сар  аз соли 2007  моҳи  май  дар  ҳамаи  ноҳияю  шаҳрҳои  кишвар баргузор  мегардад.

Май 13, 2014 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад