Ба пешниҳоди Президент Парлумон ризоият дод

Май 14, 2014 14:55

Душанбе, 12.05.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон 14 май ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ба муҳлати навбатӣ ба вазифаи Ваколатдор /Омбудсмен/оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намудани Зариф Ализода ризоият дод. Ҳамин тариқ, Зариф Ализода, ки аз соли 2009 инҷониб дар вазифаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дошт, дубора ба ин вазифа таъйин гардид. Зариф Ализода 52 сол дошта, соли 1962 дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ (собиқ Колхозобод) таваллуд шудааст. Мавсуф ҳуқуқшиноси варзида буда, дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ аз ҷумла, солҳои 1997-2000 узви Комиссияи оштии миллӣ, 1995-2000 муовини раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2000-2001 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — раиси Кумитаи қонунияти конститутсионӣ, қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2001-2003 сардори Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2003-2006 Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2006-2009 Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ — Намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Бояд тазаккур дод, ки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ризоияти Парлумон ба муҳлати 5 сол таъйин мешавад.

Май 14, 2014 14:55

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд