Баланд бардоштани нақши ҷавонон дар рушди идораи давлатӣ
Душанбе, 13.05.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти ҶТ конфронси ҷумҳуриявии илмию назариявӣ дар мавзӯи «Масоили баланд бардоштани нақши ҷавонон дар рушди идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ » баргузор гардид.
Конфронсро ректори Донишкада Розиқзода Абдулҳакими Шералӣ оғоз намуда, суханони худро бо истинод аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ , ки: «Тарбияи ҷавонон ва занону духтарони болаёқат ва ҷалби ҳарчи бештари онҳо ба корҳои давлатию ҷамъиятӣ минбаъд боз ҳам тақвият дода мешавад» таҳким бахшид.
Дар кори конфронс беш аз 150 нафар намояндаи мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои илмӣ, магистрҳо, магистрантҳо ва олимони ҷавон ширкат варзида, дар мавзӯъҳои «Паёми Президенти ҶТ- таҳкимбахши нақши ҷавонон дар ҷомеа», «Таҷассуми масоили ҷавонон дар Паёмҳои Президенти ҶТ», «Нақши ҷавонон дар идораи давлат», «Ифтихори давлатдорӣ ва ҷавонон», «Нақши ҷавонон дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ», «Таҳкими тарбияи меҳанпарастии ҷавонон дар замони истиқлол ва идораи давлатии равандҳои муҳоҷирати меҳнатии ҷавонон дар ҶТ» маърӯза намуданд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» роҳбари магистратураи донишкадаи мазкур Сунатулло Гадоев хабар дод.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






