«Барфи охирон» дар дасти хонандагони Санкт-Петербург

Май 14, 2014 08:30

Душанбе, 14.05.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — «Последный снег» («Барфи охирон»)- таҳти чунин унвон нашриёти «Первый план»-и шаҳри Санкт-Петербург маҷмӯаи ҳикояву повестҳои нависанда ва тарҷумони тоҷик Абдуғаффор Абдуҷабборовро бо забони русӣ бо теъдоди 1000 нусха дастраси хонандагон  гардонид. 
Китоб даҳ ҳикоя, повестҳои «Куҷоӣ, ту, аё, мақсуди дастнорас?» ва «Барфи охирон»-ро дар бар дорад, ки онҳоро тарҷумони бомаҳорат Комиламо Камолова ба русӣ гардонидааст. 
Дар шаҳри соҳили Нева мулоқоти муаллиф бо рассомону адибон ва хонандагони мактаби рақами 291-ум сурат гирифт. 

Май 14, 2014 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш