Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Қирғизистон
Душанбе, 13.05.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Имрўз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо ноиби Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Абдураҳмон Маматалиев, ки ҷиҳати иштирок дар даври навбатии ҷаласаи машваратии гурӯҳи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар шаҳри Душанбе қарор дорад, мулоқот кард.
Дар мулоқот масоили рўзномаи ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои ҳукуматии ду давлат доир ба муайянсозӣ ва аломатгузории марзи давлатӣ, таҳкими робитаҳои наздисарҳадӣ, пешгирӣ ва бартарафсозии мушкилоту ихтилофоти марзи ду давлат, сохтмони роҳу кӯпрукҳо ва рушди робитаҳои дўстона дар соҳаи нақлиёт ва рафтуои бемамониати шаҳрвандон, ҳамчунин масъалаи беҳтар гардонидани кори комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Тавре ки таъкид шуд, Тоҷикистонро бо Қирғизистон робитаҳои неки ҳамсоягӣ бо ҳам мепайванданд ва ҳар ду кишвар ба таҳкиму тақвияти ҳамкориҳои байнидавлатию байниҳукуматӣ бештар ҳавасмандӣ зоҳир менамоянд.
Дар мулоқот ҳамзамон масоили саҳмгузорӣ ва ҳамгироии ду давлат дар татбиқи лоиҳаҳои бузурги минтақавӣ, аз ҷумла сохтмони роҳҳои оҳан ва хаттҳои интиқоли барқи байнидавлатӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






