Баррасии фаъолияти китобхонаҳои электронӣ
Душанбе, 14.05.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Рӯзҳои 15-ум 16-уми майи соли равон Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дуюмин конфронси ҷумҳуриявии «Сарватҳои иттилоотии китобхонаҳои Тоҷикистон ва нақши онҳо дар рушди иқтисодиёт, инноватсия ва маърифати ҷомеа»-ро дар Душанбе баргузор менамояд.
Тавре ки дар ин бора аз китобхонаи мазкур хабар доданд, мавзўи кори конфронс «Низоми фаъолияти китобхонаҳои электронӣ ва ташкили маъхазҳои иттилоотии интернетӣ дар китобхонаҳои кишвар» мебошад. Дар назар аст дар кори конфронс наздик ба 50 нафар роҳбарони китобхонаҳои ҷумҳурӣ ширкат намуда, масъалаҳои алоқаманд дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи муаллиф дар китобхонаҳо, ташкили китобхонаҳои электронӣ, ташкили маъхазҳои пурраматни электронӣ дар Интернет ва фаъолияти китобдориро мавриди баррасӣ қарор диҳанд.
Гуфта мешавад, ки мақсад аз гузаронидани конфронс таъмин намудани китобхонаҳои ҷумҳурӣ бо технологияҳои иттилоотӣ ва компютериву интернетӣ мебошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






