Баррасии масъалаҳои гендерӣ
Душанбе, 15.05.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Тавре ки аз Сарраёсати муҳоҷирати меҳнатии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ иттилоъ доданд, дирӯз дар мавзӯи «Пешниҳоди маълумотҳои омории гендерӣ аз рӯи индикаторҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва инъикоси дастрасии аҳолӣ дар ҳамин самт» бо намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ семинар-тренинг баргузор гардид.
Дар семинар маърӯзаи сардори шуъбаи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон З.Холиқова дар мавзӯи “Ҳассоси гендерӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, индикаторҳои ҳассоси гердерӣ, истифодаи омори ҷудогонаи гендерӣ ва беҳтар намудани омори гердерӣ дар сатҳи миллӣ” шунида шуд.
Дар семинар иштирокчиён ба гурӯҳҳо ҷудо шуда, таҳлилҳои индикатори гендерӣ гузарониданд, ки ин таҳлилҳо дар қабули қарорҳои мақсаднок ҷиҳати банақшагирӣ, ҷорӣ кардан ва татбиқи сиёсату барномаҳо, натиҷаҳои мақсадноки сиёсӣ, ки ҳамеша аз мардон ва занон иборатанд, истифода шуда, ёрӣ расонида метавонанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






