Баррасии масоили рушди мусиқии касбии тоҷик
Душанбе, 08.05.2014. (АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).- Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхуҷа Сатторов дар мавзӯи «Масъалаҳои рушди фарҳанги мусиқии касбии тоҷик дар замони муосир» конфронси илмӣ баргузор гардид.
Тавре ки аз Вазорати фарҳанги кишвар ба АМИТ «Ховар»иттилоъ доданд, дар он олимони варзида, аспирантони ҷавон ва донишҷӯёне, ки шавқи дар самти илм фаъолият кардан доранд, ширкат варзида, дар он мавзӯъҳои «Сохтори композитсионии достонҳои эпоси «Гӯруғлӣ», «Системаи чормақом дар фалакҳои Бадахшон», «Хусусияти шакли нави омӯзиши қисми мушкилоти Шашмақом дар сози рубоб», «Мавқеи сози дутор дар ҷараёни услуби таълими устоду шогирд», «Тарбияи мутахассиси ҳирфаӣ дар бахши шашмақомсароӣ», «Коркарди силсилаҳои савти муғулча дар Шашмақом», «Фарҳанги мусиқии муосири Тоҷикистон: сохтор, самтҳои асосӣ ва хусусиятҳои он» қобили таваҷҷуҳ буданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






