Баррасии Паём дар минтақаи Кӯлоб
Кӯлоб, 7.05.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).-Паёми имсолаи Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон, ки фарогири самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакат буда, ҳамчун дастури раҳнамо баҳри рушди ҳамаҷонибаи кишвар хидмат мекунад, аз ҷониби вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Раҷабов бо роҳбарони ташкилоту корхона, фаъолон ва қишрҳои гуногуни ҷомеа дар ноҳияҳои Муъминобод, Ховалингу Шӯрообод мавриди баррасӣ қарор гирифт. Сафаралӣ Раҷабов зикр кард, ки беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар аз афзалиятҳои сиёсати давлатӣ ба шумор рафта, дар давраи истиқлолият бо ин мақсад 42,5 миллиард сомонӣ сарф шудааст. Ҳукумати мамлакат ният дорад, ки дар 7 соли оянда барои рушди минтақаҳои мамлакат беш аз 110 миллиард сомонӣ равона созад.
Ҳамин гуна вохӯриҳои вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Кӯлоб бо занону духтарон доир шуд. Зикр шуд, ки дар байни аъзои Ҳукумат имрӯз шумораи занон ду баробар зиёд гардида, дар мақомоти олии намояндагии кишвар 11 нафар зан фаъолият дорад. Аз 18 300 нафар хизматчии давлатӣ, ки дар мақомоти марказиву маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҷамоатҳо фаъолият доранд, 4315 нафар ё 24 фоизро занон ташкил медиҳанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






