Бонки ҷаҳонӣ хӯроки кӯдаконро хушсифат месозад
Душанбе, 08.05.2014. (АМИТ «Ховар, Фарзона Достонзода). — 7 май вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусалом Қурбонов ва Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон хонум Марша Олив созишномаро дар бораи такмили лоиҳаи беҳдошти тансиҳатӣ ва хушсифат намудани хӯроки кӯдакони синнашон аз 3 — сола хурдтар ва модарони вилояти Хатлон имзо намуданд.Тавре ки аз Намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Хазинаи рушди иҷтимоии Ҷопон дар асоси созишнома чун кӯмаки молиявии ройгон 2 миллиону 800 ҳазор доллари ИМА ҷудо кардааст, ки он барои баланд бардоштани сифати хӯроки кӯдакони хурдсоли ноҳияҳои вилояти Хатлон истифода мешавад.«Кӯмаки нави молиявии ройгон имкон медиҳад, ки сифати хӯроки кӯдакон дар вилояти Хатлон баланд бардошта, вазъи тандурустии 5000 хонаводаи 14 нохияи вилоят беҳтар карда шавад», — гуфт Марша Олив.Хотирнишон месозем, ки мақсад аз кӯмаки пештараи молиявии ройгони Хазинаи рушди иҷтимоии Ҷопон барои маблағгузории хӯроки кӯдакони ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳалли масоили камхӯрокии кӯдакони навзод ва хурдсоли даҳ ноҳияи вилояти Хатлон буд. Кӯмаки нав ин фаъолиятро дар ноҳияҳои дигари вилояти Хатлон густариш дода, боз 5000 хонаводаҳои нави ноҳияҳои Ҷомӣ, Бохтар, Восеъ ва Данғараро фаро мегирад.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






