Боздиди намояндаи Сипоҳи посдорони шафқат аз МОИ «Суғд»
Душанбе, 14.05.2014. (АМИТ «Ховар, Лайло Тоирӣ). – Чанде пеш роҳбари маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» Фирдавс Олимов бо намояндаи Сипоҳи посдорони шафқат дар Тоҷикистон Эрвин Бартис мулоқот анҷом дод. Мақсад аз сафари Эрвин Бартис шиносоӣ бо фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ва ҳайати кормандони он буд. Эрвин Бартис зикр намуд, ки Сипоҳи посдорони шафқат аз соли 1994 ба ҳайси созмони ҷамъиятӣ фаъолият дошта, яке аз мақсадҳои стратегии он иборат аз мусоидат ба шиносоӣ ва афзун намудани имконоти тиҷорати бозаргонӣ ва таъмини мардум бо кор, ҳамчунин дастгирии бахши инфиродӣ ва рушди иқтисодиёти шаҳру деҳот мебошад.Кормандони маъмурият дар ҷараёни мулоқот зикр намуданд, ки вусъати ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ҷалби коршиносону ихтиёриёни созмонҳои ҷаҳонӣ, иштирок дар семинару конфронсҳои омӯзишӣ, таҷрибаомӯзӣ дар хориҷа имкон медиҳад, ки фаъолияти кормандони маъмурият ва ниҳодҳои онро самарабахш намуда, хоҳишу мароми онҳо барои иҷрои корҳои судманд афзун гардад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






