Боздошти қонуншиканон
Душанбе, 08.05.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ кормандони милитсия зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар минтақаи ноҳияи Фархор аз сокини ҳамин ноҳия Қурбонов Рустам як халтаи полиэтилениро мусодира намуданд, ки дар дохили он 11 килою 15 грамм маводи нашъадори навъи ҳашиш нигоҳ дошта мешуд.
Нисбат ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, чорабиниҳои фаврӣ-тафтишотӣ идома доранд.
Инчунин дар натиҷаи гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсияи вилояти Суғд сокинони шаҳри Конибодом Қулдошев Муҳиддин, соли таваллудаш 1959 ва Худойбердиев Луқмон, соли таваллудаш 1987 бо гумони сайди ғайриқонунии ҳайвоноти обӣ боздошт гардиданд.
Номбурдагон дар ҳудуди деҳаи Равоти ноҳияи Конибодом дар назди канали обгузари «Исфара» бо ноқилҳо ва шастҳои худсози барқӣ ба сайди ғайриқонунии моҳӣ машғул будаанд. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






