Д. Давлатзода: Эмомалӣ Раҳмон — эҳёгари Тоҷикистони навин
Душанбе, 14.05.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода). — Имрӯзҳо дар шаҳру навоҳии кишвар оид ба Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии ҶТ вохӯрии вакилони Парлумон бо аҳолӣ идома дорад.
Оид ба масъалаи мазкур вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, раиси комиссия оид ба одоби вакилон Давлаталӣ Давлатзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» андешаҳояшро чунин иброз намуд:
-Ҳуҷҷати мазкур воқеан созандаи фардо буда, боварӣ дорем, ки ҳамчун раҳнамо ва дастурамал барои мардуми сарбаланду баору номус, махсусан кормандони мақомоти давлатӣ, вакилони Парлумон, тамоми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат, ҳамаи фаъолони ҷомеа мавриди истифода қарор мегардад. Пайгирӣ намудани ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои саривақтии дастуру ҳидоятҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паём дарҷ гардидаанд, барои баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда барои ҳар як шаҳрванд мусоидат менамояд.
«Барои дуруст дарк намудани моҳияти ин Паём ва дастовардҳое, ки Сарвари Давлат гузориш дод, мо бояд як чизро дар хотир дошта бошем, ки Тоҷикистон ягона кишваре мебошад, ки дар байни давлатҳои собиқ шӯравӣ, аз ҳама гуна мероси шӯравӣ бебаҳра ва маҳрум монд. Замоне, ки мо бо ҷанги дохилӣ овора будем, дигар кишварҳо мероси шӯравиро тақсим мекарданд. Ҳамаи он молу мулке, ки давлати шӯравӣ дар марзи як ҷумҳурӣ дошт, моли ҳамон кишвар шуд. Дар як лаҳза давлатҳои навбунёд соҳиби молу мулки ҳангуфт ва Артиши бо яроқу аслиҳаи ҳозиразамон мусаллаҳ гардиданд. Ҳамин тавр, ба мо- тоҷикон як милтиқ ҳам нарасид. Илова бар он ҳама чизе, ки каме арзиш дошт, аз ҷумҳурӣ ғорат шуд.
Маврид ба зикр аст, ки дар мушкилтарин шароит, дар фазои монеаву фишоровариҳои пай дар пай, ки давлатро аз нав ба по хезондан басе кори мушкил буд, пешвои миллати тоҷик, фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як майдони холӣ аз сифр давлати соҳибистиқлоли имрӯзаи моро бунёд сохт», -зикр намуд вакили Парлумон.
Давлаталӣ Давлатзода ҳамчунин изҳор намуд, ки агар он монеаву фишорҳо намебуданд, шояд, ки Тоҷикистон имрӯз боз ҳам зебову тараққӣ мекард ва сохтмони ГЭС — и Роғун аллакай ба истифода дода шуда, садҳо заводу корхонаҳои дигар бунёд мегаштанд.
Вале, мо бояд шукргузор аз он бошем, ки ҳоло дар Тоҷикистони соҳибистиқлол, озод ва ором умр ба сар мебарем.
Имрӯз мо, вакилон Паёми Президенти мамлакатро ба Маҷлиси Олӣ, ҳамчун ҳуҷҷати бисёр арзишноку муҳим ва дастурамали хеш қарор дода, мағзи ҳар як нуктаи онро бояд ба якояки аҳолии кишвар расонем ва ба ин васила ҳисси худогоҳии милливу ватанпарваронаи мардумро баланд бардорем.








ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд






