Дар Суғд беш аз 37 кг ҳашиш мусодира шуд
Душанбе, 12.05.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода). — Тавре ки маркази матбуоти ВКД хабар медиҳад, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд аз ҷониби кормандони милитсия бо гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор шаҳрванд Маъруф Шарифов, соли таваллудаш 1964, сокини шаҳри Истаравшан, ки пеш бо моддаи 200 қисми 4 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, дастгир гардид. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ў дар маҷмӯъ 36 кг 790 г маводи нашъадори ҳашиш дарёфт ва мусодира шуд.
«Ҳамчунин зимни гузаронидани як чорабинии фаврии дигар дар шаҳри Конибодом кормандони милитсия бо ҷурми даст доштан дар ин гуна ҷиноят сокини шаҳри Хуҷанд Ҷаҳонгир Имомқулов, соли таваллудаш 1983-ро дастгир намуданд. Дар вақти кофтукови шахсӣ аз борхалтаи ў 838-грамм маводи нашъадори ҳашиш дарёфт ва мусодира гардид.
Бояд зикр намуд, ки маводи нашъадори мусодира шуда дар маҷмӯъ 37 кг 628 граммро ташкил дод.
Нисбат ба далелҳои мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад», — зикр менамояд сарчашма.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






