Давраи омӯзишӣ барои пизишкони бахши кумакҳои фаврӣ
Душанбе, 13.05.2014. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода).- Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон аз 13 то 15 май як давраи омӯзишии муштаракро барои пизишконе, ки ба осебдидагон кумакҳои фаврӣ мерасонанд, баргузор мекунад.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз КБСС иттилоъ доданд, барои нахустин бор дар Тоҷикистон омӯзиши иқдомоти фаврии пизишкӣ барои 20 пизишки бахши фаврӣ баргузор хоҳад шуд. Омӯзандагони сатҳи ҷаҳонӣ аз Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх, ки дар арсаи ироаи кумакҳои аввалия тахассус доранд, меъёрҳои равишҳои ташхис ва дармон барои беморонро омӯзиш хоҳанд дод. Ҳадаф аз ин омӯзиш коҳиши маргу мир бар асари як осеби умда аст.
Мавриди зикр аст, ки баргузории ин омӯзиш бо мусоидати фаъоли Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ дар робита бо созмондиҳӣ имконпазир шуд.
Ҷулӣ Курӣ, намояндаи бахши беҳдошти КБСС мегӯяд: «Ҳадаф аз ин омӯзиш афзоишу тақвияти дониш ва маҳоратҳои мутахассисон аст, ки дар бахши кумакҳои фаврии пизишкӣ кор мекунанд».
Барномаи ин давраи омӯзишӣ иборат аз муҳимтарин масоил ва ҷанбаҳои ироаи кумакҳои фаврӣ, бахусус дар шароити майдонӣ аст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






