Файзобод: 2335 нафар соҳиби замин гардид

Май 7, 2014 16:02

Файзобод, 07.05.2014. (АМИТ «Ховар»,  Зебо  Давлатова). — Мувофиқи  иттилои  раиси  Кумитаи замини ноҳияи  Файзобод  Илҳом Ҳасанов  тайи солҳои  охир  муроҷиати  шаҳрвандон   барои дастрас намудани  қитъаи наздиҳавлигӣ  хеле  зиёд   шуд. Мувофиқи  қарори  Ҳукумати ҷумҳурӣ  дар  ноҳия  485  гектар   замин аз  соли  2011  барои шаҳрвандон  ҷудо   шудааст.
То  имрӯз  5000 нафар сокини ноҳия  дар навбати   замин   буд ва ба  2335  нафар   замин   дода шуд,-  гуфт Илҳом  Ҳасанов,  раиси  кумитаи    замини ноҳияи Файзобод.
 
 

Май 7, 2014 16:02

Хабарҳои дигари ин бахш