Фархор: Хизматрасонӣ ба нафақагирон беҳтар мешавад
Фархор, 12.05.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).-Ба иттилои сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ноҳияи Фархор Аъзам Ҳабибов дар ноҳия 11 ҳазору 795 нафар нафақахӯр ба қайд гирифта шудааст, ки дар чор моҳи соли ҷорӣ талаботи нафақаи онҳо баробар ба 10 млн. 311 ҳазор сомонӣ мебошад. Дар қайди раёсат аз бахши бақайдгирии равзанаи ягонаи нозироти андози ноҳия дар асоси рӯйхатҳои пешниҳодгардида ҳамагӣ 1875 ташкилоту муассиса, кооперативҳои истеҳсолӣ мебошад ва ба ташкилоту муассисаҳо пурсишнома равон гардида, рақами суғуртавии онҳо дода шудааст. Оид ба ҷамъоварии маблағҳои суратҳисоби захиравии шахсони суғурташуда бояд гуфт, ки дар ин давра ба суратҳисоби раёсат аз ҳисоби андози иҷтимоӣ 198 ҳазору 500 сомонӣ ворид гардид, ки 109,6 %-и нақшаро дар бар мегирад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






