Фурӯши маҳсулоти ширии «Файзи Расул» муваққатан манъ шуд
Душанбе, 13.05.2014. (АМИТ «Ховар, Екатерина Пасторова). – Ба пойтахт овардани маҳсулоти ширии ширкати «Файзи Расул» ва ширкатҳои дигари вилояти Суғд то бартараф намудани ҳамаи нуқсонҳои ошкоргардида муваққатан манъ шудааст. Дар ин бора аз Маркази санитарию эпидемиологии пойтахт ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Мувофиқи суханони манбаъ, дар ҷараёни тафтишоти кормандони маркази санитарию эпидемиологӣ маълум шуд, ки маҳсулоти ширии «Файзи Расул» ва ширкатҳои дигари вилояти Суғд аз нигоҳи нишондодҳои кимиёвию бактериологӣ ҷавобгӯи меъёрҳои санитарию эпидемиологӣ нестанд.
«Манъи фурӯши маҳсулоти ширии ширкатҳои зикршуда муваққатӣ буда, баъди бартараф намудани нуқсонҳои зикршуда маҳсулоти ширии шаҳри Хуҷанд боз дастраси бозори шаҳри Душанбе мегардад», — қайд намуд манбаъ.
Мувофиқи суханони кормандони мағозаи «Файзи Расул» — и шаҳри Душанбе, масъалаи иҷозати ба пойтахт овардани маҳсулоти ширии ширкати мазкур баъди 15 май ҳал мешавад.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






